Ахбор

Ҷавобгарии ҷиноятӣ

Чӣ метавонад ҷавобгарии ҷиноятиро ба миён оварад?

– барои истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва таҳияи онҳо. Сохтакории ҳуҷҷат бо ҳабс ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол ҷазо дода мешавад. Барои истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бо ҷарима ба маблағи то 80 ҳазор рубл ё ҳабс ба мӯҳлати то 6 моҳ ҷазо пешбинӣ шудааст (моддаи 327 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия);

– убури марзи Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ, ки аз манъи вуруд ба ӯ огоҳӣ дорад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 4 сол ё ҷарима ба маблағи то 300 ҳазор рубл ҷазо дода мешавад (моддаи 322.2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия);

– сабти қалбакии шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои будубош боиси ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 ҳазор рубл ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 3 сол (моддаи 322.3 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) мегардад.